Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ворух Қирғизистон мешаваду Бодканд Тоҷикистон?

Мо омодаем Ворухро иваз кунем. Агар онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор гектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем.

Қирғизистон барои ҳал шудани баҳсҳои марзӣ ба мақомоти Тоҷикистон ду шарт пешниҳод намудааст, хабар медиҳад АКИprees бо истинод ба раиси КДАМ Қамчибек Тошиев.
Манбаъ меафзояд, ду пешниҳодро мақомдорони қирғиз аснои музокироти дурӯза, ки дар Тоҷикистон сурат гирифта буд, ироа карданд ва аммо ҳоло ягон посухро аз ҷониби ҳамтоёни тоҷики худ дарёфт накардаанд.
Аз пешниҳод шудани ду шарт ба мақомоти Тоҷикистон, рӯзи 26 март, раиси КДАМ Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек зимни як нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ мегӯяд, масъалаи асосӣ сари Ворух аст.
“Якум, мо бар асоси қонун марзи онро чен мекунем ва он дигар васеъ намешавад. Вале мо аз ҳудуди худ, танҳо барои истифода ба онҷо роҳ боз мекунем, то онҳо битавонанд ворид шаванд”
Шарти дуюми мақомоти Қирғизистон иваз кардани Ворух ба ҳудуде аз вилояти Бодканд аст.
“Мо омодаем Ворухро иваз кунем. Агар онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор гектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст”, – изҳор доштааст ӯ.
Феълан мақомоти Тоҷикистон дар мавриди изҳори назари Тошиев чизе нагуфтаанд.
Мулоқоти қаблии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ рӯзи 18 март дар Тоҷикистон баргузор шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Одам 28.03.2021 08:25

    Бигузор пешниходи якуми Тошиев Кабул шавад, ва барои истифода Ба Ворух рох кушода шавад. Ивазаш Бо мавзеи дигар Аз вилояти Бодкант, хечгох кобили кабул нест!!!
    Оё дар точикистон ягон харитаи геологии зери заминии Ворух Ба маком дорони Мо нарасидааст, ки Аз ончи чониби Киргизистон медонаду Мо не??
    Инро чанд АСР пеш навишта буданд!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.