Вуруди 868 ҳазор вояҳои ваксинаҳо ба Тоҷикистон

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кишвар 868 ҳазор вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти COVID-19 ворид гардид.

— Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи грантии Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва бо мусоидати механизми КОВАКС 546 ҳазор воя ваксинаи “КоронаВак” ва дар доираи барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID- 19 ҳамчун кумаки башардӯстона аз ҷониби кишварҳои Венгрия 150 ҳазор воя ваксинаи “АстраЗенека”, Маҷористон 50 ҳазор воя ваксинаи “АстраЗенека”, Хорватия 122 ҳазор воя ваксинаи “Модерна” ва дар маҷмуъ 868 ҳазор вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) вориди Тоҷикистон гардид,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар маросими қабули вояҳои ваксинаҳои макзур дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Консули Маҷористон дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ва дигар шахсони расмӣ иштирок намудаанд.

Бояд гуфт, ки аз оғози маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 то ба имрӯз дар ҳудуди кишвар 3 миллиону  118 ҳазору  210 нафар (53,5%) бо вояи якум ва бо вояи дуюм 2 миллиону 641 ҳазору 449 нафар (45,3%) ба ваксинатсия зидди сирояти мазкур фаро гирифта шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки то ба имрӯз ба Тоҷикистон 7 миллиону 705 ҳазору 200 воя ваксинаи зидди бемории COVID-19 ворид гардидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.