Як миллионро кӣ мегирад, Абдурозиқ ё Хасбики доғистонӣ?

Ҳаҷми ҳаққулзаҳмати размандагон эълон нашудааст, вале қаблан маълумоте паҳн шуда буд, ки ғолиби набард 1 миллион рубл хоҳад гирифт.

Блогер ва размандаи MMA Асҳоб Тамаеви 19-сола аз Чеченистон рӯзи 18 май набарди тан ба тани блогери 18-солаи доғистонӣ Хасбулло Магомедов, маъруф бо тахаллуси Хасбикро бо овозхони 17-солаи тоҷик Абдурозиқ баргузор мекунад. Аҷобати ин набард дар он аст, ки вазни ҳарду рақиб дар маҷмӯъ ҳамагӣ 35 килост.

Хасбик ва Абдурозиқ алакай нишасти хабарие доир карданд, ки чун анъанаи роиҷ дар байни размандагони ҷангҳои бидуни қоида қариб буд, ки бо занозании ҳарду анҷом ёбад.

Ҳаҷми ҳаққулзаҳмати размандагон эълон нашудааст, вале қаблан маълумоте паҳн шуда буд, ки ғолиби набард 1 миллион рубл хоҳад гирифт.

Хасбик дар пайи нашри як видеое, ки қулфинай (клубника) мехӯрд, машҳур шуд. “Қулфинай, ростӣ, ин бомба аст” – ин гуфтаи Хасбик дар он видео ба мем табдил ёфта, ӯро машҳур кард.

Қади Хасбик 93 см ва вазнаш ҳамагӣ 18 килост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *