Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ятимов: Ба мувофиқа расидем, фоҷиа набояд такрор шавад

Мо барои он ҷамъ шудем, ки тамоми мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл кунем. Байни мо гуфтугӯи мушкиле сурат гирифт. Фоҷиае, ки дар манотиқи марзӣ рӯй дод, набояд дигар такрор шавад,

Рӯзи 1 май дар вилояти Бодканди Қирғизистон музокироти ҳайъатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар доир шуд. Ҳайъатҳоро раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекарданд.

Дар анҷоми музокирот Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов ба назди хабарнигорон ҳозир шуданд ва гуфтанд, ки тарафҳо як протоколи иборат аз 4 бандро имзо кардаанд. Онҳо аз ифшои ҷузъиёти тавофуқоти бадастомада худдорӣ карданд.

Тошиев фақат гуфт, ки онҳо аз ҷумла дар мавриди оташбас ва аз манотиқи марзӣ ба маҳалли истиқрори доимиашон ақиб кашидани тамоми нирӯҳое, ки ҳоло ба марз басиҷ шудаанд, тавофуқ карданд.
“Худо кунад, ки дар кишварҳои мо оромии комил ҳукмфармо шавад. Мо хеле умедворем, ки тамоми қарорҳои дар протокол дарҷшуда иҷро хоҳанд шуд”– гуфт Тошиев.
Раҳбари ҳайъати Тоҷикистон Саймумин Ятимов музокироти доиршударо музокироти мушкил, вале пурмаҳсул номид: “Мо барои он ҷамъ шудем, ки тамоми мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл кунем. Байни мо гуфтугӯи мушкиле сурат гирифт. Фоҷиае, ки дар манотиқи марзӣ рӯй дод, набояд дигар такрор шавад, чунки дар ин минтақаҳо халқҳои мо зиндагӣ доранд. Онҳо байни худ дӯстона ба сар мебаранд, даъвое бо якдигар надоранд. Мо, сиёсатмадорон, бояд масъалаҳоро ҳал карда, ба мардум имкони зиндагӣ дар сулҳу салоҳро фароҳам биорем. Ман бовар дорам, ки ба зудӣ суботи комил таъмини хоҳад шуд.”
Тавофуқ дар бораи рӯзи 1 май дар Бодканд баргузор кардани музокироти ҳайъатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон як рӯз пеш дар ҷараёни суҳбати телефонии президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба даст омада буд.
Ин музокирот дар пайи муноқишаҳои хунини рӯзҳои 28-29 апрел дар марзи ин ду кишвар аст, ки бо ҳудуди 50 кушта ва беш аз 200 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ дар чанд даҳсолаи охир шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.