Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ятимов: Вазъи Афғонистон барои ҳама хатарнок аст

Раиси  Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки вазъ дар Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистон, балки ба тамоми фазои пасошӯравӣ таҳдид мекунад. Вай ин нуктаро ҳангоми иштирокаш дар 17 -умин нишасти сарони хадамоти амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви Иттиҳод изҳор дошт. «Мо бовар дорем, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари воқеӣ эҷод мекунад. Ман фикр мекунам, ки барои тамоми Иттиҳоди Шӯравии пешин, бахусус минтақаҳое, ки аҳолии мусулмон доранд,хатар дорад.» Ба гуфтаи Ятимов, «онҳо тасмими сахт доранд» , ки дини исломро ҳамчун ноором сохтани вазъи минтақа истифода баранд. Ин нгуктаро ӯ  дар Маскав,дар  ҷаласаи хадамоти махсуси Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Туркманистон ҷамъ омада буданд,гуфт. Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Афғонистон авоили моҳи август, замоне шиддат гирифт, ки Толибон (ин ҳаракат дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон  мамнӯъ аст) ҳамлаи худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карданд. Толибон вориди Кобул шуданд ва анҷоми ҷангро эълон карданд. Дар ҳамин ҳол, аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни амрикоӣ буд, эвакуатсияи оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳои бо онҳо ҳамкорӣкунанда сурат гирифт. Нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар фирор карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро хотима доданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.