Ё, тавба! Ҷин телевизор, телефон, се ангшутарӣ ва як гарданбанди тиллоӣ хостааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз аъмоли ғайриқонунии ду зане хабар дод, ки ба фолбинию ҷинбарорӣ машғул будаанд

ВУД бо нашри як гузориш гуфт, зане бо иддаои он, ки ҷину ҷодуро мебарорад, моли корафтодагонро аз худ мекардааст.

Манбаъ афзуд, ба идораи милиса дар шаҳри Норак ҷавоне муроҷиат карда, арз дошт, ки зане худро «ҷинбарор» гуфта, бо сӯиистифода аз боварӣ аз ӯ як адад телевизор, як телефон, се ангшутарӣ ва як гарданбанди тиллоӣ гирифтааст.

Ба иттилои ВУД, маъмурини милиса муайян намудаанд, ки ҷинбарор зани 34-сола, истиқоматкунандаи муваққатии шаҳри Бохтар мебошад.

Дар гузориш, зани муттаҳам ба суол, ки чигуна ҷои ҷодуро меёбад, посух дод, ки пушташ тоза аст.

«Пуштҳоямон тоза будагӣ, мегӯянд, ки ҷоду дар куҷост. Як мурдаи зинда шудагӣ одам», — посух дод зан ба суол дар мавриди шеваи ошкор кардани ҷоду.

Инчунин аз аъмоли ғайриқонунии зани 45-сола, сокини шаҳри Ҳисор хабар додааст, ки бо истифода аз боварӣ тариқи карта, ришта, қулфу калид ва дигар ашё ба бахту коркушоӣ машғул будааст. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, аз рӯи ин ҳолатҳо санадҳо тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *