Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ё тавба: Кӯдаке бо се сар таваллуд шуд…

Ҷараёни ҳомиладории зан хуб гузашт ва аз ягон чӣ шикоят надошт. Аз ин рӯ пайвандони зан аз фарзанди сесара таваллуд кардани ӯ ҳайратзада шудаанд.
Дар ин бора Sputnik хабар додааст. Дар иёлати Уттар -Прадеш тифле ба дунё омадааст, ки се сар дорад.
Манобеи DailyStar менависад, ки ҷараёни ҳомиладории модари ин тифл хуб гузашт ва ӯ аз ягон чӣ шикоят надоштааст. Аммо чун кӯдак ба дунё омад, пайвандони ӯ ҳама дар шигифт афтоданд, зеро навзод се сар дошт.

Аксу навори тифти ба дунё омада зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Аз наворҳо маълум аст, ки ду сари иловагӣ ба саре, ки бидуни нуқс аст ва хуб инкишоф ёфтааст, пайваст мебошанд.

Манбаъ меафзояд, вазъи модару кӯдак хуб буда, пизишкон онҳоро аз бемористон мураххас намуданд.

Сокинони ин иёлат ӯро таҷассуми Худо дар рӯи замин меҳисобанд ва ҳамарӯза теъдоди зиёди одамон ба хабаргирии кӯдак меоянд.
Феълан назари пизишконе, ки шоҳиди бевоситаи таваллуди ин тифл буданд, маълум нест.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.