Ёрӣ диҳед, хонааш сӯхт!

Шаби 15 декабр дар шаҳраки Берёзово дар ҳавзаи Ханти-Манси – Югра дар шимоли Русия як бинои дуқабата ба коми оташ рафтааст. Ҷунайдулло Худоёров, блогнависи тоҷик, ки феълан дар ин минтақаи Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад ва бо шунидани хабари сӯхтор ба ҷои ҳодиса рафтааст, хабар дод, ки бар асари ин сӯхтор манзилҳои зисти ду оила аз Тоҷикистон низ пурра сӯхтааст.
“Аз оилаҳои ҷабрдида якеаш модаре ҳаст, ки шавҳараш ду се соли пеш аз дунё даргузаштааст ва ба танҳоӣ се духтарчаашро ба воя мерасонад”, – хабар дод Ҷунайдулло Худоёров.
Ин модари бечора гуфтааст, ки ба ҷуз ҳуҷҷатҳои худаш ва кӯдакони хурдсолаш дигар чизеро аз хона бароварда натавонистааст ва бидуни пойафзол бо тиреза онҳоро кормандони оташнишони наҷот додаанд.
Ҷунайдулло Худоёров аз муҳоҷирони тоҷик хост, ки ба ин модар дасти кумак дароз кунанд, зеро дар ин фасли сармо бидуни ҳеҷ чизе мондаанд ва шароиташон хуб нест.
Телефон барои тамос:8 950 534 82 98
Карта Сбербанк 4817 7601 2420 0662 Шоира Амонбаевна Холбоева.
Карта ба рақамҳои телефон пайваст аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *