ЁВОН: 95,4 фоизи кӯдакон боғча надоранд

Тибқи иттилои  АМИТ “Ховар” дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон танҳо  4,6 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба боғчаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд.

Нуқтаи мазкур дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ёвон дар соли 2019, ки дар Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, директори Корхонаи давлатии коммуналии «Маркази дастгирии кишоварзӣ» Назарбек Шарипов доир шуд, баён гардид.

Гуфта мешавад, ки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар соҳаҳои  маориф, фарҳанг ва тандурустӣ ба масъулини соҳаҳои мазкур дастур доданд, ки  дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин  ин мушкилотро бартараф намуда, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон, муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳои фарҳангӣ ва беҳтар намудани ҳолати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *