ЮНИСЕФ: Толибон мактаб мекушоянд

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Афғонистон эълом кардааст, ки бо гурӯҳи Толибон барои бозкушоии садҳо мактаб ва шурӯъ ба таҳсили ҳудуди 140 ҳазор донишомӯзи афғон ба тавофуқ расидааст
Бар асоси ин тавофуқ ҳудуди чаҳор ҳазор мактаби ғайрирасмӣ дар манотиқи таҳти назорати Толибон ба зудӣ бозкушоӣ мешавад, иттилоъ додааст ИРНА.

Раиси бахши омӯзиши ЮНИСЕФ гуфт, ки бо Толибон тавофуқ шудааст, ки духтарону писарон то поёни давраи ибтидоӣ – то синфи шашум- дар ин мактабҳо дарси бихонанд.
Ба гуфтаи Ларина Диа, хароҷоти сохтмони ин мактабҳо аз ҷониби Ниҳоди Ҳамкории Ҷаҳонӣ оид барои омӯзиш пардохт карда мешавад.
Дар айни ҳол нигарониҳо аз афзоиши хушунат ва қурбонӣ шудани ғайринизомиён, аз ҷумла кӯдакон дар Афғонистон ҳамчунон идома дорад ба тавре, ки инфиҷори рӯзи ҷумъа дар маросими хатми қуръон дар Ғазнӣ ҷони 15 нафарро гирифт, ки 12 тан аз онон кӯдак буданд.
Фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки дар се моҳи сеюми соли 2020 талафоти кӯдакон 25 дарсад афзоиш ёфта ва ҳамла ба мадорис низ чаҳор баробар шудааст.

.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *