Зафар Шабнамро наҷот доду аз Исозода медал гирифт

Рӯзи 26 апрел муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода дар як маросим дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён ба донишҷӯи соли сеюми ин мактаб Зафари Нуралӣ барои корнамоияш барои наҷоти ҷони як духтар медали ҳамкорӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи мулкиро тақдим кард.
Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи КҲФ Тоҷикистон, Зафари Нуралӣ рӯзи 19 апрели соли равон сокини шаҳри Норак Шабнам Сафароваи 22-соларо, ки ҳангоми сайругашт дар соҳили канали Ҷайҳуни ноҳияи Кушониён аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд, наҷот додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *