Заминҷунбӣ дар Хоруғ

Ин субҳ дар Тоҷикистон заминларза рух дод. Заминларза соати 06:26 ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Ларзиши замин 4.4 бал гуфта мешавад
Тибқи маълумоти мукаммали Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, заминҷунбӣ дар ҷанубу шарқи Хоруғ, 41 километр дуртар аз маркази маъмурии ВМКБ рух додааст.
Ларзиш дар шимолу шарқи Қундузи Афғонистон эҳсос шудааст, аммо дар Ӯзбекистон ба назар нарасидааст.
Маркази заминларза дар чуқурии 200 километр ҷойгир будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора шарҳе надодааст. Дар бораи талафот ва харобӣ низ гузорише нарасидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *