Зан мардро дар рӯзи идаш ғорат кард

Аз ҷейби корманди қаср 7 ҳазору 400-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тавре ВКД хабар медиҳад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 23-юми феврали соли 2021, ҳангоми дар маҷмааи Қасри варзиши ташкилоти ҷамъияти клуби варзишии Ҳочӣ Шариф, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ ба утоқи кории корманди маъмурияти қасри мазкур ҷавони 25-солаи сокини пойтахт даромада, аз ҷейбаш 7 ҳазору 400-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *