Занашро 10 корд заду худашро 4 корд. Куҷост мардонагӣ?!

Дар Ҷиликӯл як мард аввал занаш ва сипас худашро кушт, дар Қумсангир пирамарди 74-сола домодашро корд зад.

ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду ҳодисаи ба сари якдигар корд кашидани хешу табори наздик ба қайд гирифта шудааст. Зану шавҳар дар чунин як ҳодиса
дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҷон бохтаанд.

Марказ матбуоти ВКД гуфт, як марди 29-солаи сокини шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) субҳи 18 июл, тахминан соати 09:00 ба манзили истиқоматии апаи ҳамсараш зани 32-солаи сокини шаҳраки 20-солагии Истиқлолият рафта, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ба бадани ҳамсари 27-солааш 10 зарбаи корд зада, сипас бо корди дар дасташ буда 4 маротиба ба бадани худ задааст.

Ҷабрдида дар роҳ ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия бурдан ҷон бохта, худи гумонбаршаванда дар шӯъбаи эҳёгари ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ ба ҳалокат расидааст.

Пирамарди 74-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳунро, ки пеш бар асоси моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қасдан расондани осеби миёна ба саломатӣ суд шуда буд, рӯзи 18 июл, тахминан соати 13:00 дар хонаи истиқоматиаш домодаш, марди 31-солаи сокини шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхиро бо корди ошхонагӣ ду зарба задааст, иттилоъ медиҳад ВКД. Дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Пирамардро ин дафъа бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сабаби руӯ то рӯз афзудани ин ҷиноятҳо дар чист? Чаро мардум даст ба чунин амалҳо мезананд? Наход дигар роҳи ҳали муноқишаҳо набошад, ки аксарияти онҳо бо роҳи куштор ба анҷом мерасанд?!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *