Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зани Қадами Қурбонро ҳам сел бурдааст

Қадам гуфтааст, ки ҳамсараш барои хариди маҳсулоти дастархони Иди Рамазон ба бозор рафта буд ва дар роҳи деҳаи Чагам сел мошини онҳоро бурдааст. Дар натиҷа пойҳо ва камари Ҷонона Шамсиддинова ҷароҳат бардоштааст.

Дар чанд видеое, ки аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Интернет нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар дохили мошини “Нексия”-и рангаш сафед, ки рӯзи 11 май дар деҳаи Чагам селаш бурд, Ҷонона Шамсиддинова ҳамсари овозхони шинохта Қадами Қурбон низ будааст. Ин мошин ҳангоми баргаштан аз Кӯлоб вақте тӯъмаи сел шуд, ки ронандааш мехост рӯдхонаи Сангобро убур кунад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар иттилоияи расмиаш ҳалокати се сокини деҳаи Чагам, аз ҷумла як кӯдаки даҳсоларо тасдиқ кард ва бидуни зикри номаш гуфт, як мусофири дигари мошине, ки ба коми сел рафт, хонуми 45-солаи сокини ҳамин деҳаи Чагам буд, ки бо ҷароҳатҳои вазнин зинда монд.
Ба сомонаи “Оила” муяссар шудааст, ки бо яке аз писарони Қадами Қурбон тамос бигирад. Писари овозхон бар асари сел осеб дидани модарашро тасдиқ кардааст, вале гуфтааст, ки ӯ, шукри Худо зиндаву саломат аст ва на дар беморхона, балки дар хона табобат мегирад.
“Ба мухлисони падарам гуфтаниам, ки ташвиш нашаванд, ягон ҷои хавотирӣ нест”, – гуфтааст писари Қадами Қурбон.
Дар ҳамин ҳол, худи Қадами Қурбон низ дар суҳбат бо Азия Плюс наҷоти ҳамсараш дар ин фоҷеаро тасдиқ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ҳамсараш барои хариди маҳсулоти дастархони Иди Рамазон ба бозор рафта буд ва дар роҳи деҳаи Чагам сел мошини онҳоро бурдааст. Дар натиҷа пойҳо ва камари Ҷонона Шамсиддинова ҷароҳат бардоштааст.
«Дар мошин боз се нафари дигар будаст, ки мутаассифона онҳо ҳалок шуда, ҳамсари ман зинда мондааст. Худоро шукр, ки соқу саломат ба назди фарзандонаш омад. Ҳоло вазъи саломатияш хуб аст, пойҳо ва миёнаш камтар осеб диданд, вале сахт тарсидааст. Боз рӯзадор аст, хоҳиш кардем рӯзаро бихӯр, то қувват бигирӣ, не мегӯяд», – нақл кардааст Қадами Қурбон.
Қадами Қурбон як овозхони дар гузашта тӯйгард буд, ки асосан дар минтақаи Кӯлоб шуҳрат дошт. Ду сол пеш ӯ нахустин клипашро дар студияи касбӣ сабт кард. Ҳоло ҳар клипи ӯ дар Интернет чанд миллион тамошобин пайдо мекунад ва ибораҳои пур аз зарофате, ки ин овозхони хушсуҳбат ҳангоми ҳунарнамоияш истифода мебарад, мисли “Сари поворотай”, ба ибораҳои вирди забони аксари мардум табдил меёбанд.
Қадами Қурбон боре қисса карда буд, ки завҷаашро дар аввали солҳои 90 аз хонаи падару модараш дуздида буд, чунки онҳо розӣ набуданд, ки духтарашонро ба Қадам бидиҳанд. Ба гуфтаи овозхон, танҳо баъди соҳиби 3 фарзанд шудан хусуру хушдоманаш билохира ба тақдир тан доданд ва ӯро ба ҳайси домод эътироф карданд. Ва фақат баъди ин Қадами Қурбон тавонистааст бо завҷааш тӯй кунад.
Рӯзи 11 май дар Тоҷикистон селҳои харобиоваре омад, ки боиси ҳалокати дастикам 9 нафар шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.