Зани руси Олим ӯро бо табар кушт…

Ин севумин писари акои Муродхӯҷа аст, ки дар муҳоҷират ҷон ба ҷонофарин месупоранд.

Як марди тоҷикро дар Русия занаш бо табар зада куштааст

Тавре як тан аз дустони муҳоҷири тоҷик Олим Зоиров дар “Фейсбук” навиштааст, ин мард дар шаҳри Нижний Новгороди Русия ба қатл расидааст. Ба навиштаи дусти марҳум Ҷунайдулло Худоёров, Олимро зани русаш бо табар ба қатл расонидааст.Олим сокини деҳаи Яшми ноҳияи Рашт буда, 38 сол доштаааст ва қабл аз ин ду бародараш низ дар Русия вафот карда будаанд. Худоёров дар мавриди тақдири Олим ва бародарони ӯ менависад: «Ин севумин  писари акои Муродхӯҷа аст, ки дар муҳоҷират ҷон ба ҷонофарин месупоранд. Қаблан бародаои калонии Олим бо номи Саидбек созиби се фарзанд таваллудаш 1980 соли 2013 дар шаҳри Екатеринбург аз ошёнаи дувуми як бино дар вақти таъмири «фасади» хона ғалтида ба ҳалокат расида буд. Ва соли 2015 бародари хурдии Олим бо номи Амирбек таваллудаш 1984 дар шаҳри Москва аз касали «менингит» ҷон дода буд ва ҷасади беҷони ҳар ду бародари ҷавонмаргро дар зодгоҳашон Яшм ба хок супориданд. Инак ҷасади беҷони Олим дар сардхона (морг) қарор дорад ва қарор аст рузҳои наздик ба Тоҷикистон интиқол дода шавад…» Кормандони сомонаи Pressa.tjва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба волидони ин ҷавон арзи ҳамдардӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *