Зебуниссо ва Қумригул, ду милисае, ки ришва гирифтанд, парвандаашон ба суд рафт

Онҳо бораи аз маҳзани маълумотии Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тоза кардани маълумотҳо дар бораи доғи суди доштанаш, маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуданд.

Тавре Маркази матбуоти Агентии зиддикорупсия хабар медиҳад, Исматшозода Зебуниссо Исматшо дар вазифаи сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаистода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо таҳқиқотчии ҳамин Раёсат Ҳалимзода Қумригул Раҷаб санаи 08 сентябри соли 2020 дар бинои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, аз охирин бораи аз маҳзани маълумотии Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тоза кардани маълумотҳо дар бораи доғи суди доштанаш, маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуданд.
Санаи 10 сентябри соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Исматшозода З.И. ва Ҳалимзода Қ.Р. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.
“Оиди ҳолати зикршуда нисбати Исматшозода З.И. ва Ҳалимзода Қ.Р. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст” гуфта шудааст дар хабари Агентӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *