Зеленский: Шумо роҳбари сазоворед

 

Тавре котиботи президенти Тоҷикистон менависад, президенти  Украина Владимир Зеленский Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот муборакбод гуфта, ба Эмомалӣ Раҳмон муваффақият таманно кардааст ва ӯро чун роҳбари сазовор ба боварии мардуми Тоҷикистон тавсиф кардааст.

«Ғалабаи Шумо дар интихоботи кунунӣ далели боварии мардуми тоҷик ба Шумо ва дастгирии васеи роҳи интихобкардаи сиёсиву иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,-  таъкид кардааст вай.

Президенти  Украина афзудааст, «аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям».

Зеленский изҳори умедворӣ кардааст, ки минбаъд, муносибатҳои Тоҷикистону Украина ба сатҳи нав мебароянд.

«Аз ин фурсати хурсандибахш истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва дар фаъоляти пурмасъулиятатон минбаъд ҳам муваффақият, ба мардуми дӯсти тоҷик бошад, сулҳ, ризоият ва шукуфоӣ орзумандам», — гуфтааст дар анҷом вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *