Зокир Собиров: «Мо дар санъат шахсияти ҷаҳонӣ надорем»

Рассоми тоҷик Зокир Собиров, ки эътирофи ҷаҳонӣ дорад ва борҳо ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Уқоби тиллоӣ”-и Амрикоро ба даст овардааст, мегӯяд, ки ҳунари ӯ дар Тоҷикистон қадрдонӣ нашуд. Рассом ҳафтаи гузашта низ дар озмуни байналмилалии “Рассомӣ ва офарандагӣ”, ки дар Амрико баргузор шуд, медали тилло ва ҷойи аввалро соҳиб шуд…

-Зокир Ҷобирович, нахуст дар мавриди дастоварди ҷадиди худ ҳарф занед…

-Озмуни ҷаҳонии “Рассомӣ ва офарандагӣ” аз моҳи сентябр дар Амрико шурӯъ шуда буд ва дар чанд давра баргузор гардид. Натиҷаи он 27 декабр маълум шуд ва банда дар он ғолиби ҷойи аввал ва гирандаи медали тилло шудам. Дар мактуби расмие, ки ба унвони ман омадааст, гуфта мешавад, ки асарҳои маро дар жанри сюрреализм навгонӣ арзёбӣ карда, маро ба ин мукофот сазовор донистаанд. Пурсидам чаро танворизм не? Маълум шуд, ки ман назарияи ҷараёнҳои кашфкардаи худ – нурворизм ва танворизмро ба онҳо нафиристодаам.

-Мехоҳам дар мавриди ҳамин ду ҷараён, ки шумо асосгузори он ҳастед, муфассал суҳбат кунем, зеро на ҳама моҳияти онро дарк мекунанд. Нурворизм ва Танворизм чистанд?

НУРВОРИЗМ аз вожаи тоҷикии нур пайдо шудааст. Ин як навъ диди хос ба муҳит аст. Мо одат кардаем, ки муҳити атрофро иборат аз ашёҳо бубинем, вале ман ҳамаи инро мехоҳам дар нурҳо тасвир намоям. Ин як навъ бархӯрди нурҳо дар фазо аст. «Нурворизм» равияи танзимкунандаи физикии нур мебошад, ки бо фазо омезиш хӯрда, нахуст дар мафкура тавлид мегардад ва пасон дар дохили образ ва дар шакли асар ба вуҷуд меояд. ТАНВОРИЗМ бошад, ба маънои матоъ аст, матое, ки мо дар атрофамон мебинем, яъне дунёе аз матоъҳо иборат аст. Бо ихтирои ин ду равия ман дунёро дар шакли нурҳо, фазоҳо дидам, чун мо аз фазо иборатем, имрӯз пайдо шудем фардо нестем. Ин ду равияро дар санъати меъморӣ истифода мебарам, вале, афсӯс, ки то ба имрӯз ин чизҳо дастгирӣ наёфтанд.

-Ҳадаф аз эҷоди ин ҷараёнҳо чӣ буд?

-Гурез аз равияҳои дигар… Ин гурез аст, аммо дар баробари ин инкор нест. 

-Ин гурез аз куҷо шурӯъ шуд?

-Аз гурснагӣ… Ман солҳо дар Театри опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардам. Баъди шурӯъ шудани нооромиҳо ба Панҷакент рафта, ба тиҷорат машғул шудам. Замоне фаҳмидам, ки тиҷорат роҳи зиндагии ман буда наметавонад, дуюмбора мӯқалам ба даст гирифтам ва ин ҷараёнҳо тавлид ёфтанд. 

-Муаррифӣ кардани ҷараёни нав дар санъат хеле душвор аст. Шумо ҳадафи худро чӣ гуна муаррифӣ кардед?

-Ман то ба имрӯз дар Ватанам худамро муаррифӣ накардаам. Фақат дар хориҷи кишвар маро дарк карда, шинохта тавонистанд. Барои он ки дар Тоҷикистон фазои фарҳангӣ нест. Санъати рассомиро аслан намефаҳманд.  Вақте нахустин маротиба асарҳои худро ба Синдаои Чин бурдам, масъулони намоиши байналмилалӣ маро хуш пазируфтанд. Онҳо бояд барои ифтитоҳи намоиш се асар аз соҳаҳои мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ ва дизайн интихоб мекарданд, то понораммаи ин чорабиниро зеб медод, яъне симои ин намоиш мешуд. Субҳ вақте омадам, асари ман дар пештоқ ҷилва мекард… Бори дувум соли 2016 ба Намоишгоҳи байналмилалии Дунхуанги Хитой портретҳои Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералиро бурдам. Президенти Академияи рассомии Русия омада, асарҳоро бодиққат тамошо карда, ватанашонро пурсид. Чун фаҳмид, ки рассмои тоҷик ин асарҳоро тасвир кардааст, хеле андеша кард ва нишонии маро гирифта, баъди як ҳафта ба ман мактуб фиристод, ки маро ба узвияти Академияи рассомии Русия қабул карданд. Ҳол он ки ман аз Тоҷикистон як ифтихорнома ҳам надорам.

-Шумо медонед, ки барои гирифтани унвону ифтихорнома бояд худатон такудав кунед? Яъне, худатон талаб кунед, ки ба шумо унвон диҳанд…

-Ман ин чизро дер фаҳмидам. Барои ман унвон аз рӯи тараҳҳум лозим нест. Агар кори маро дарк кунанд, ба қадри заҳматам расида унвон диҳанд, қабул мекунам. Мо ҳозир даҳҳо рассоми халқӣ дорем, ки номашонро касе намедонад. Ман наметавонам, ки назди мунақидон рафта, хоҳиш кунам, ки маро таъриф кун, унвон бигирам. Айни замон, дар чунин шароит, агар ба ман унвон ҳам диҳанд, рафта намегирам…

-Ман зиёд дар бораи шумо ҷустуҷӯ кардам. Аҷиб, ки мунаққидон дар бораи  асарҳои шумо чизе нанавиштаанд. На таъриф кардаанду на танқид. Сабаб чист?

-Барои он ҷуръати  таъриф кардан надоранд, барои танқид кардан бошад дониш. Ман чанд маротиба назди санъатшинос Лариса Додхудоева рафтам, ки назарияи нурворизм ва танворизмро дар муқоиса ба жанрҳои дигар нависанд, аммо ин корро накарданд… Намишҳо баргузор мекунам, то ки дӯстону ҳамкасбонам омада, фикрашонро гӯянд, вале омада, тамошо карда мераванд, чизе намегӯянд… Ман интизор ҳастам, ки касе наздам ояду гӯяд, ки ин кори ту фалон камбудӣ дорад ё ту дар фалон ҷо муваффақ шудаӣ…

Шумо портрети шахсиятҳои маъруфро дар сабки нурворизм тасвир кардаед. Дар муҳити фазо офаридани инсон аз куҷо маншаъ мегирад?  

-Аввалин асаре, ки бо ин шева тасвир кардам, портрети худам буд.  Вале дигар ҷуръат накардам, ки ин шеваи корро идома диҳам.  Як рӯз дар Панҷакент будам, ки нависанда Абдурофеъ Рабизода омад ва китобчаи “Лоиқе чун Лоиқе”-и Гулназарро бароям дод. Вақте ин китобро хондам, дар вуҷудам туғён ба вуҷуд омад, дарк кардам, ки ман дар роҳи дуруст қарор дорам. Ин китоб сабаб шуд, ки ин сабк ба вуҷуд ояд. Ҳамин тавр, 6 моҳ нишастаму портрети устод Лоиқро тасвир кардам,  баъди ин дар як сол Мӯъмин Қаноатро кашидам… Ҳамин тавр, ин силсила ба вуҷуд омад…

-Шумо дар намоишҳои бузурги ҷаҳонӣ ширкат кардед, аз вазъи санъати ҷаҳон огоҳед. Оё дар Тоҷикистон 5 рассоме дорем, ки асарҳояшонро ба арсаи ҷаҳон бароварда шавад?

-Не, албатта. Ин танҳо хоси рассомӣ нест. Мо дар ягон соҳаи санъат 5 нафари ҷаҳонӣ надорем. Ҳатто дар муҳити собиқ Шӯравӣ моро намешиносанд. Консерту барномаҳои солинавии телевизионҳои Русияро бинед. Аз тамоми собиқ Иттиҳоди шӯравӣ намоянда ҳаст, фақат аз Тоҷикистону Туркманистон касе нест. Худатон қазоват кунед. Ин далели чист? Далели паст будани сатҳи санъати мо… Ман рӯйрост мегӯям, ки санъати тоҷик, ҳам театр, ҳам кино, ҳам мусиқиву рассомӣ ҳоли хароб дорад.

-Мехоҳам дар мавриди вазъи иқтисодии зиндагии  рассомон суол кунам. Имрӯз рассомони тоҷик аз кадом ҳисоб зиндагӣ мекунанд?

-Дарс медиҳанд, фармоиш иҷро мекунанд, асарҳояшонро мефӯрӯшанд. Ман барин аз ҳисоби фарзандон зиндагӣ мекунанд ва ғайра.

-Асарҳои шумо харидор дорад? 

-Бале, аммо дар Тоҷикистон не.

-Асарҳои рассомони тоҷикро хориҷиҳо мехаранд?

-Ҳамчун сувинир, бале. Ҳамчун асари рассомӣ не.

 -Дар бораи вазъи нигаронкунандаи санъат ҳарф задем. Чӣ бояд, кард, ки аз ин бунбаст наҷот ёбем?

-Бисёриҳо мегӯянд, ки маблағ лозим. Вале дар  ин шароит маблағ не,      идея ва кадр лозим аст. Маблағ ҷудо кардан ба ҳаминҳое, ки санъатро ба ин ҳол оварда расонидан маъние надорад. Ман даҳҳо лоиҳа пешниҳод кардам, барои сохтани шаҳраки афсонавӣ, аммо касе дастгирӣ накард. Феълан, дар Панҷакент осорхона сохта истодаам ва ният дорам, ҳамчун намуна як тарҳи ҷолибро бунёд намоям…

МУСОҲИБ

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *