Ниқоб чӣ хатар дорад? Ҳар дақиқа 3 миллион ниқоб партофта мешавад
Ҳанӯз ду сол пеш ҳеҷ кас фикр намекард, ки вақтҳои наздик ҳама ниқоб мепӯшанд. Аллакай соли 2020 ниқоб барои рӯй меъёр шуд.
Муҳаққиқон муайян намуданд, ки дар тамоми ҷаҳон ҳар моҳ 129 миллиард ниқоб партофта мешавад. Аз ин бармеояд, ки одамон дар ҳар дақиқа то се миллион ниқоб мепартоянд. Аксарияти ин ниқобҳои партофташуда барои истифодаи яккаратаянд ва аз микронахҳои пластикӣ истеҳсол шудаанд. Муҳаққиқони донишгоҳи Данияи Ҷанубӣ аз хатарӣ воқеии экологӣ ҳушдор медиҳанд. Онҳо аз таъсири манфии партови ниқобӣ ба сайёраи мо гап мезананд. Ба ақидаи онҳо барои пешгирии фалокат одамон бояд тамоми саъю талоши худро ба харҷ диҳанд.
Ниқобҳо ба муҳити атроф чӣ хел зарар мерасонанд?
Ниқобҳои истифодаашон яккарата мавриди пӯсиши биологӣ қарор намегиранд ва вайрон намешаванд. Ин маънои онро дорад, ки зарраҳои хурдӣ пластикӣ, аз ҷумла микро ва нанопластикаҳо дар экосистема паҳн мешаванд. Истеҳсоли оммавии ниқобҳо барои руй аз оғози пандемия баробари истеҳсоли шишаҳои пластикӣ барои об аст. Лекин ҳатто шишаҳои пластикии истифодаашон яккарата барои коркарди дурусти дубора дастур доданд. Барои ниқобҳо чунин дастур нест. Ин маънои онро дорад, ки одамон онҳоро баъди истифода ба чор тараф мепартоянд. Ҳамин, тавр пластика ба миқдори зиёд ба уқёнусҳо ва системаҳои обӣ ошомиданӣ меафтанд. Давоми якчанд ҳафта тонна – тонна микрозарраҳо ҷамъ мешаванд.
Аз ҳама бадаш он аст, ки бо мурури замон ин зарраҳо боз ҳам хурдтар мешаванд ва онҳоро дидану несту нобуд кардан душвор мегардад. Маскаҳоро аз нахҳои пластикии андозаашон микроскопии ғафсиаш аз 1 то 10 микрометр истеҳсол мекунанд. Вақти вайроншавӣ дар муҳити атроф ниқоб дар муқоиса бо борхалта ва шишаҳои пластикӣ бештар микрозарраҳо ҷудо мекунанд.
Одамон проблемаи мурбут ба истифодаи ниқобро чӣ хел ҳал карда метавонанд?
Муҳаққиқон мегӯянд, ки ниқобҳои истифодаашон яккарата ҳам ба мисли партовҳои дигарӣ пластикӣ метавонанд моддаҳои зараровари кимиёи ва биологӣ хориҷ кунанд, ба монанди бисфенол А, метаоҳо вазнин ва ҳамчунин микроорганизмҳои касалиовар. Онҳо метавонанд ба рустаниҳо ва одамон таъсири бадӣ ғайримустақим расонанд.
Экологҳо якчанд пешниҳод доранд. Онҳо тавсия медиҳанд, ки ҳар як маҳалли истиқомат, дар шаҳру деҳот барои ниқобҳои истифодашуда қутиҳои партов гузошта шавад. Таҳияи дастур ва қоидаҳо барои чӣ кор кардан бо ниқобҳои истифодашуда лозиманд. Бисёр хуб мешуд агар одамон аз истифодаи ниқобҳои яккарата ба бисёркаратта мегузаштанд.
Ниҳоят онҳо истеҳсоли ниқоби биопӯсандаро, ки вақти коркардӣ дубора ба муҳити атроф зарар намерасонанд, тавсия медиҳанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи “Дунё”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ