Нигаронӣ аз афзоиши ғарқи аҳолӣ дар дарёҳои Суғд. Ҷасади 4 нафарро ҷустуҷӯ доранд
Дар вилояти Суғд давоми як соли 2023-юм 10 нафар бо мақсади худкушӣ худро ба дарё партофтаанд.
Дар ин бора сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Ҷамшед Кӯчаков имрӯз, 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Вай аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки аксари онҳо калонсол буданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар умум давоми соли 2023-юм дар кӯлу дарё ва обанборҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд 55 ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин омор нисбат ба соли 2022 13 ҳолат зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки 30 ҳолати ғарқшавӣ дар ин давра аз сабаби дар мавзеъҳои манъшуда оббозӣ кардани сокинон рух додааст. Аз теъдоди умумии ғарқшудагон 19 нафар ноболиғ буданд, ки ин рақам низ ташвишовар арзёбӣ карда мешавад.
Ҳоло аз тарафи наҷотдиҳандагону ғаввосони РКҲФ ҷустуҷӯйи 4 ҷасад дар дарёи Зарафшон идома дорад. Ду ҳолати ҷустуҷӯй наздики 1 сол ва ду ҳолати дигар аз моҳи августи соли 2023 инҷониб идома дорад. Масъулин гуфтанд, ки бо вуҷуди тӯл кашидани корҳои кофтукобӣ то пайдо шудани ҷасад ҷустуҷӯйи он қатъ карда намешавад.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки дар ин давра 10 нафар сокини вилоят аз тарафи наҷотдиҳандагони дастаи зудамали раёсат ва бахши раёсат дар шаҳри Хуҷанд зинда наҷот дода шуданд.
Фарзона Шамсиева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ