Нигина Шаропова ҳам вафот кард

Нигина Шаропова, доктори илми тиб, профессор, муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, фарзанди яке аз олимон ва табибони машҳури тоҷик профессор Минҳоҷ Ғуломов рӯзи 27 июн дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Профессор Нигина Шаропова дар зодрӯзаш тарки ин дунё кард.

Нигина Шаропова- муовини сарвазири Тоҷкистон (1999-2004), Сарпсихиатри Вазорати тандурустии ҶТ (2000-2009), доктори илми тиб (2001), профессор (2005). “Аълочии тандурустии СССР” (1991), дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷонатан Мэнн (2003), узви Шӯрои илмии тиббии Вазорати тандурустии ҶТ, узви Ассотсиатсияи «Занҳои олими Тоҷикистон» буд.

Нигина Шаропова 27 июни соли 1959 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи олим ва табиби маъруфи равоншинос профессор Минҳоҷ Ғуломов ба дунё омадааст. Падари ӯ соли 1995 дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона дар пойтахти Тоҷикистон кушта шуд.

Нигина Шаропова низ касби падарро интихоб карда, соли 1982 Донишкадаи тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибини Синоро хатм кард ва ба ҳайси ординатори клиникии назди каф. психиатрияи ДДТТ (1982-1984) ба кор сар кард.

Пизишк- ординатор, мудири шӯъбаи Диспансери ҷумҳуриявии клиникии психоневрологӣ (1984-1993).

Сарпизишки Маркази ҷум.-явии офияти психикии кӯдакону наврасон (1993-1995), муд. каф. психиатрия ва наркологияи ДТИКТТ (1995-1997).

Соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ таъйин шуда, то соли 2004 ифои вазифа кардааст. Сипас ба ҳайси ҷонищини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст (2004-2006). Мудири каф. психиатрия ва наркологияи ба номи профессор М.Ғ.Ғуломови Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1997-1999; аз соли 2006 ).

С.1986 дар Москва дар мавзӯи “ Клиника ва ташаккули алоими Кандинский–Клерамбо ҳангоми таваҳҳумоти шадиди алкоголӣ” рисолаи номзадӣ ва соли 2001 боз ҳам дар Маскав таҳти роҳбарии акад. АИ ФР профессор Т.Б. Дмитриев дар мавзӯи “ Психозҳои алкоголии мураккаби ҷараёнашон шадид” рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Муаллифи беш аз 100 асару мақолаи илмӣ, китоби дарсӣ барои мактабҳои олии тиббӣ, 6 дастури таълимию методӣ, 5 тавсияномаи методӣ, 20 мақолаи илмӣ, 56 тезис, 3 пешниҳоди ратсионализаторӣ, аз ҷумла “Актуальные вопросы психиатрии” (Д., 1997, муҳар.); “ Социально – клинические аспекты диагностики психических расстройств ӯ беженцев” (Д., 2003, ҳаммуалиф) ; “ Сборник трудов психиатров- наркологов, посвященный 75-летию со дня рождения член-корр. РАМН, профессор М.Г.Гулямова” (Д.,2004, муҳар.). Ба 5 нафар унвонҷӯ дар дифоъи рисолаи номз. илми тибб роҳбарӣ кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак ҳаллу фасл карда лоиҳаи Қонуни ҶТ дар бораи бо шири модар макконидани кӯдак, Нақшаи миллии ҶТ оид ба саломатии репродуктивӣ ва ғ. таҳия шудааст.

Нигина Шаропова бо ордени “Шараф” дараҷаи II (2011), Ифтихорномаи Вазорати тандурустии СССР (1990), Нишони фахрии ширкати байналмилалии ТВ “Мир “ (2003), Нишони фахрии 20 – солагии иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии ҶТ, медали ҷашнии 1025-умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино (2005) сарфароз гардонда шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *