Нисбати ду рӯзноманигори тоҷик парванда боз шудааст

Нисбати рӯзноманигор ва блогер Далери Имомалӣ бо иттиҳомҳои «фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ» ва «дидаву дониста додани хабари бардурӯғ оид ба содир шудани ҷиноят» дар асоси моддаҳои 259, қисми 1 ва 346, қисми 2, банди А-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро бошад, дар асоси моддаи 328, қисми 1, яъне «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият» гумонбар донистаанд.

Бино ба итттилои “Озодӣ”, ҳоло Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ (ИВС)-и Душанбе нигоҳдорӣ мешаванд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро 15-уми июн ба Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват карда ва бегоҳи рӯз боздошт гардидаанд. Ба гуфтаи вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов, Далери Имомалӣ дар бозпурсӣ гуфтааст, ки навори баҳсбарангезро баъди пушаймонӣ тоза карда буд. Дар масъалаи соҳибкории ғайриқонунӣ Далери Имомалӣ гуфтааст, гарчанде узви ИЖТ бошад ҳам, аммо як соли ахир ба фаъолияти блогерӣ машғул буд.

Вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов гуфтааст, ки Далери Имомалӣ тасдиқ кард, ки давоми як соли ахир ҳарчанд кам, аммо аз фаъолияти блогериаш фоида гирифтааст. Далер гуфтааст, намедонист, ки барои ин фаъолияташ бояд андоз супорад.

Вакили дифоъ афзудааст, ки Абдулло Ғурбатӣ дар вақти бозпурсӣ иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад карда, гуфтааст, ягон ният ва мақсади муноқиша бо кормандони милисаро надоштааст.

Вакили дифоъ аз қавли Абдулло Ғурбатӣ гуфтааст, ки «маро баъди бозпурсӣ аз бинои ШВКД Шоҳмансур-1 ҷавоб доданд. Дар вақти аз ҳавлии ШВКД баромадан дар назди постгоҳ корманди милиса пеши роҳамро гирифт ва маро дубора баъди пулис дароварданд ва эълон карданд, ки ман гӯё корманди милисаро зада бошам».

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ давоми чанд моҳи охир дар бораи кори идораҳои мухталифи давлатии Тоҷикистон гузоришҳои видеоии танқидӣ омода мекарданд ва ин барномаҳои онҳо тамошобини зиёд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *