Ноболиғи гапногире дар кӯли “Чорбоғ” наҷот дода шуд
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе боз як ноболиғи 16-солаеро, ки қариб буд ғарқ шудаву ҷонашро аз даст диҳад, наҷот дод. Дар ин бора дафтари матбуоти КҲФ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар кӯли “Чорбоғ”, дар ҳудуди пойтахт рух додааст. Як писари 16-сола, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба огоҳии навбатдорону имдодгарони КҲФ, ки дар соҳили кӯл ба шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузарониданд, аҳамият надода, аз соҳил хеле дур шино карда меравад. Наврас мехост баргардад, вале қувваташ намерасид ва дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт.
Гуфта мешавад, ки имдодгарони Раёсат сари вақт ба кумакаш шитофта, ӯро наҷот доданд. Маълум шудааст, ки хеле тарсидааст, вале ба ёрии тиббӣ ниёз надошт, чун солиму бехатар ба соҳил бароварда шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ