Ноболиғони ҷинояткор: Падарро мекушему соҳиби мошин мешавем

Сардори шӯъбаи тафтишотии ШВКД ш.Қурғонтеппа Намоззода Хуршед бо хабарнигори «Тоҷикистон таймс» иттилоот дод, ки ҷавони 16-солаи сокини шаҳр  Қ.А. дар дасти падараш маблағи калонеро мебинад ва аз падараш хостааст, ки ба ӯ мошин бихарад.

Падар хостаи писарро рад намуда гуфтааст, ки «ту мактаби миёнаро хатм кун, баъд сари ин орзуят фикр мекунем». Қ.А 16-сола назди бачаи холааш С.Ф 17-сола омада бо ӯ маслиҳат мекунад, ки дар хонаи онҳо маблағи калоне ҳаст ва мехостааст, ки мошин бихарад, вале падараш инкор кардааст. Дар ҳамин ҳол С.Ф маслиҳат додааст, ки бояд ӯ парашро бо доруи марги муш ва ё ҳангоме, ки падараш хоб бошад, бо  қувваи барқ бикушад. С.Ф ва Қ.А бо маслиҳати пешакӣ шаб омада ба ҳуҷраи падараш, ки хоб буд, медарояд. С.Ф пешниҳод кардааст, падарро бо сими бо худ доштааш каме буғӣ кунаду маблағҳоро гираду гурезад ва мошини тамғаи «ЛАДА-099» бихаранд.Онҳо ҳамин тавр ҳам мекунанд. Ҳангоми тафтишот ШВКД ш.Қурғонтеппа ин 2 ҷавони ноболиғ ҷинояти содиршударо тасдиқ мекунанд. Суди ш.Қурғонтеппа нисбати Қ.А ҷазои ғайриҳабсӣ ба муҳлати 2 сол дод ва С.Ф-ро бо моддаи 244, қисми 3, банди «а» гунаҳкор ҳисобида, 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *