Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Tokyo Grand Slam 2022
Тайи ду рўз дар кишвари Ҷопон мусобиқаи ҷудои Tokyo Grand Slam 2022 бо ширкати 346 варзишгар (201 мард ва 145 зан) аз 59 кишвари панҷ қитъаи олам баргузор шуд.
Се намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа ширкат карданд ва аз гирифтани медалҳо бенасиб шуданд.
Дар рўзи аввали мусобиқа Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Сомон Маҳмадбеков майдондорӣ карданд. Муҳаммадраҳим Сарахонови 23-сола дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило дар даври аввал Андрев Муннингси 24-соларо аз Баҳамас шикаст дод, вале дар даври дуюм аз Кен Ойошии 24-солаи ҷопонӣ мағлуб шуд ва аз ҳақи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Сомон Маҳмадбекови 23-сола дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд. Ў дар даври дуюм ба намояндаи Бразилия Гуилҳерме Счимидти 22-сола дастболо шуд, вале дар даври сеюм аз паҳлавони 28-солаи ҷопонӣ Кеня Коҳара ноком гардид ва аз ҳақи идомаи мубориза барои медал бенасиб монд. Дар рўзи дуюми мусобиқа паҳлавони дигари тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ низ ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд. Эмомалии 20-сола, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз ҷудокори 18-солаи ҷопонӣ Шинсеи Ҳатторӣ шикаст хўрд ва аз ҳақи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ