Нокомии паҳлавонони Тоҷикистон дар Остона

Дар Остонаи Қазоқистон Чемпионати Осиё-2023 дар намуди куштии озод баргузор шуд, ки дастаи Тоҷикистон дар он аз медал бенасиб монд.

Дастаи Қазоқистон бо касби 4 медали тило, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб кард. Ҷопониҳо аз Остона 1 медали тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварда, дар ҷойи дуюм қарор гирифтанд. Дастаи Эрон 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ ва 3 ҷойи дастаӣ дорад. Намояндагони Ўзбекистон ду бор барандаи медали нуқра ва ду бор биринҷӣ гардида, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми 5-умро касб карданд. Мунтахаби Қирғизистон бо 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷои 6-ум қарор дорад.

Тоҷикистонро Сунатулло Бобоев дар вазни 57 кг, Абдулмаҷид Кудиев 65 кг, Мустафо Ахмедов 70 кг ва Шуҳрат Бозоров дар вазни 79 кг намояндагӣ карданд. Миёни гўштингирони тоҷик танҳо натиҷаи беҳтарро Шуҳрат Бозоров нишон дод. Тоҷикистон дар байни 20 даста бо 34 имтиёз 11-ум шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *