Нома ба вазири кишоварзӣ: Ба лимӯ аз ҳоло таваҷҷуҳ зоҳир кунед!

Муҳтарам Қурбон Ҳакимзода! Ин номаро оид ба истеҳсоли лимӯ махсус дар миёнаи тобистон менависам ва ягона хоҳишам ин аст, ки ин бечораро ба гӯшаи фаромӯшӣ насупоред.

Шумо як нафар мутахассиси ҳирфаӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳастед ва шояд булфузулӣ бошад маслиҳати ман барин ғайримутахассис. Аммо, банда он чизеро пеши назар меорам, ки то ин лаҳзаҳо мушоҳида кардаам ва нагуфтанаш, агар иғроқ шавад ҳам, гуноҳ аст.

Ҳамагон ёд дорем боло ҷаҳиданҳои нархи ин навъи маҳсулотро. Хусусан дар давраи ҳангомаҳои даҳшатовари “КОВИД-19”, ки лимӯро донаҳакӣ мехаридем ва сарфакорона истифода мебурдем. Хушбахтона, ин имтиҳонро ҳам бо сарбаландӣ гузаштем. Аммо, “сари кафида таги тоқӣ” гуфта, як муддат гаштему аз як балояш хато хӯрдем ва балои ногаҳонии дигар болои сарамон афтод. Соли гузашта зимистони сарди сард омад ва ҳатто гармхонаҳои лимӯ тоб наовардаву зарар диданд. Ҳатто як нафари шиносам, ки ду гармхонаи ҳудуди 100-метрӣ дорад, аз сард задани дарахтҳои лимӯяш шикваву дилсардӣ кард. Он замон шӯхӣ кардам, ки “шуморо дуои мо гирифт”. Гуфт:

— Чӣ гуна?

Гуфтам:

— Ҳамон гуна, ки худатон медонед! Барои барори кори деҳқон “кавсан” гуфтанӣ гап ҳаст. Агар ақаллан ҳисобӣ барои мо армуғон меовардед, баракат дар коратон меафзуд…

Албатта, ин шӯхӣ буд. Вале, агар растаҳои бозорҳоро гардиш кардаву аҳамият дода бошед, ҳоло ҳам лимӯ дар фурӯш аст. Дар ҳоле, ки солҳои пеш мавсими тобистон он тухми анқо мешуд. Нархаш ҳам, мувофиқи мавсим, чандон гарон нест ва шояд сабаб он бошад, ки соли гузашта, пеш аз сард задани дарахтон, ҳосили фаровони лимӯ гирифта будем. Масалан, ҳафтае пеш аз бозорчаи Роҳи оҳан лимӯ харидам. Як килояшро бо арзиши 13 сомонӣ. Ҷолибтар ин ки, фурӯшанда бо итоб “безор шудем аз ҳамин лимон” гуфтаву 5-6 донаи дигар болои харидам партофт ва илова кард:

— Инаш туҳфа.

Хурсанд шудам. Аммо, бояд гуфт, ки чунин хурсандӣ натиҷаи хуб надорад. Ба қавле, оқибаташ гиря аст. Албатта, ба шарте, ки чораҳои саривақтӣ андешида нашаванд. Шумо худ нафари таҷрибадор ҳастед ва ба қавле, чанд шиму курта аз мо зиёд пӯшидаед. Шояд зиёд шоҳид шуда бошед, ки ҳар вақте маҳсулоте дар як мавсим бемаврид арзон мешавад, дар мавсими лозимӣ камчин мегардад. Ва баръакс, ҳар он чӣ, ки ҷаҳак-ҷаҳак мекунад, дар мавсими дигар ба хоки сиёҳ баробар мешавад. Ҳоло дида истодаем, ки пиёз тадриҷан, майда-майда пӯсида рафта истодаву мӯйлаби сабзиву картошкафурӯшро табар намебурад. Дақиқ ба хулоса омадан душвор аст, ки “айб дар ош бошад ё дар мош”. Шояд вақти ба эътибор гирифтани тавозуни истеҳсоли маҳсулот фаро расида бошад? Дар мавриди истеҳсоли маҳсулоти буттагиву решагии кишоварзӣ, пеш аз ҳама, заминҳои бекорхобида ё аз ҷониби пулдорҳои “бемиён” “забтшуда”-ро ба гардиши кишоварзӣ даровардан лозим. Дар самти парвариши лимӯ бошад, вазъ мураккабтар аст.

Чун истеҳсоли лимӯ бештар зери қаноти бахши хусусӣ мечархад, барои бурду бохташ худи лимӯпарварон саҳиму посухгӯянд. Аммо, дар ҳолатҳои зарурӣ бояд фишангҳои таъсиррасони рушд истифода бурда шаванд.

Барои ҳамин, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон метавонад аз рӯи мақоли “обро дида, мӯза каш, ҳаворо дида, ғӯза каш” амал карда, дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дастурамали тавсиявиеро барои лимӯпарварон таҳия созад, ки он фарогири тавсияҳо дар мавриди роҳҳои судманду камхароҷоти парвариши маҳсулот ва хусусан “табобат”-и дарахтҳои сардзада бошад.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *