Номи хешони кушташудаи Ҳалимов аниқ шуд
Манобеи интизомии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, дар задухӯрди шоми 4 июл дар Восеъ аз наздикони полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов 4 нафар – Фозил Ҳалимов, Султон Ҳалимов, Афзал Абдурашидов ва ҳамсояи онҳо Насим Раҳматов кушта шуда, сеи дигар – Алӣ Ҳалимов, Комил Ҳалимов ва Назир Ҳалимов дастгир шудаанд.
Нашрияи мустақили «Пайк”, ки имрӯз дар пайгирии қазияи задухӯрди Восеъ пешдаст буд, шоми 5 июл аз қавли манбааш дар мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб исми наздикони кушташудаи полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимовро нашр кард.
Ба гуфтаи манбаи «Пайк” дар задухӯрди нимаи дуюми 4 июл дар деҳаи Ибрати ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ, воқеъ дар паҳлуи кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин 3 тан аз бародарону бародарзодаҳои Гулмурод Ҳалимов ва як ҳамсояи онҳо, ҳама сокинони деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб кушта ва сеи дигар дастгир шуданд.
ИСМИ КУШТАШУДАҲО:
1.Фозил Ҳалимов
2. Султон Ҳалимов
3. Афзал Абдурашидов
4. Насим Раҳматов – ҳамсояи Ҳалимовҳо дар Дараи Фонӣ.
ИСМИ ДАСТГИРШУДАҲО:
1.Алӣ Ҳалимов
2.Комил Ҳалимов
3.Назир Ҳалимов.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ