Номи некаш ҷовидон хоҳад монд!

Мактаберо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба номи сарбозе гузоштанд, ки моҳи гузашта дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон дар муноқишаи марзӣ кушта шуда буд.

Сунатулло Маҳмадови 21-сола сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара буд. Дар деҳаи Арали ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ мактаберо, ки Сунатулло онҷо таҳсил карда буд, ба номи ӯ гузоштанд.

Сунатулло ду сол пеш ба хидмат дар артиш ҷалб шуда буд ва моҳи апрел бояд муҳлати хидматаш ба поён мерасид.

Маҳмадзабир Ҷӯраев, падари ӯ, ки дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд, бо шунидани марги писараш фавран ба ватан баргашт. Ӯ аз охирин суҳбат бо писараш ёд овард: “Гуфт, ки падарҷон, ман 25-уми март дар хона мешавам. Рӯзи 10-уми март ба ман занг заданд, ки фарзандатон дар пояш тир хӯрдааст. Ба хона омадам, насиб ҳамин будааст”.

Бобокалон Мирзоев, як масъули ҳукумати ин ноҳия гуфт: “Вақте ки ҷасадро оварданд, намояндагони мақомот ҳамонҷо буданд, кумаки ғизоӣ ва пулӣ ба хонаводаи сарбоз расонида шуд. Бо қарори раиси ноҳия мактаберо, ки сарбоз Сунатулло Маҳмадов хондааст, ба номаш гузоштанд”.

Рӯзи 12-уми март ҷасади Суннатулло Маҳмадов, ки дар натиҷаи тирандозӣ дар як деҳаи марзии Исфара рӯзи 9-уми март кушта шуд, дар ҷамоати Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Ҷомӣ ба хок супурда шуд.

Мақомоти ду тараф ҳамдигарро ба барангехтани муноқиша муттаҳам карданд. Тирандозӣ шаби 11-уми март ҳам идома кард ва чанде аз хонаҳои сокинони ҷамоати Чоркуҳ осеб диданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *