Нонро дар торикӣ мехаранд,то касе набинад…

Мағозаҳои  давлатии шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон нонро субҳи барвақт мефурӯшанд, то дар торикӣ навбатпоии сокинон нанамояд.

Аз ҷумла кудакон соати 5 субҳ, 2,5 соат пеш аз тулуи офтоб барои харидани нон дар пушти дари фурӯшгоҳи давлатӣ навбат мепоянд.

Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон нонро назар ба фурӯшгоҳҳои хусусӣ чандин баробар арзон мефурӯшанд. Ин иқдом дар шароити буҳрони ғизоӣ ва болоравии нархи орд навбатпоиҳои тулониро дар назди фурӯшгоҳҳои давлатии он кишвар ба миён овардааст.

Буҳрони тулонии иқтисодӣ ва норасоии маҳсулоти ғизоӣ дар Туркманистон дар пасманзари пандемияи коронавирус тақвият ёфтааст. Аммо мақомоти туркман мушкили иқтисодӣ ва буҳрони ғизоиро дар кишварашон эътироф намекунанд. Дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ пайваста хабар дода мешавад, ки дар он кишвар солона 1 миллиону 400 ҳазор тона ғала истеҳсол мешавад.

                                                                    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *