Норак: 9 гов дар ду ҷиғилдон чӣ гуна ҷой гирифт?

Ин ҳодиса тамоми сокинони шаҳри Норак ва атрофи онро ба ташвиш овардааст.

Бинобар инттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар ба ШВКД дар шаҳри Норак марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 29 ба 30-юми октябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз талу теппаҳои шаҳри мазкур 7-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини ҳамин шаҳр содир намудааст.

Ёдовар мешавем, ки говдуздӣ дар деҳаи мазкур моҳи инюни соли ҷорӣ ҳам ба амал омада буд. Аз ҷумла, моҳи июн ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри мазкур муроҷиат намуда буд, ки шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз талу теппаҳои деҳаи Кибил 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини ҳамин шаҳр, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *