Баргузории мусобиқаи гуштин дар Норак

Мусобицаи мазкур таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баргузор мегардад.

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,   ба  ифтихори  таҷлили ҷашни ниёгонамон   Наврӯзи  хуҷастапай  рӯзҳои   21-22 марти соли 2019   дар шаҳри  Норак мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни калонсолон баргузор мегардад.

Тавре Меҳрони Қурбон хабар додааст, мусобиқаи мазкур дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонию иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои соли 2019 роҳандозӣ карда шуда, он таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баргузор мегардад.

Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон  аз тамоми дастаҳои мунтахаби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, беҳтаринҳо бо ҷоиза ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Кумита як зумра барномаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Следите за нами в социальных сетях
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *