Норак: Куштор ошкор гашт

Тавре аз  Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, 8 марти соли равон ба қисми навбатдории Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак аз ҷониби сокинони ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак ҷиҳати дарёфти ҷасади зани шахсияташ номаълум бо аломатҳои марги маҷбурӣ хабари телефонӣ ворид гардид.
Сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир гаштани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак имкон дод, ки дар муддати начандон зиёд шахсияти ин зан муайян карда шавад, ки ӯ С.Г., сокини ноҳияи Ёвон, деҳаи Обшорон, соли таваллудаш 1990 будааст. Ҷинояти мазкурро шаҳрванд Баҳром Сафаров, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Восеъ, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, содир намудааст.
Муайян гардид, ки Баҳром Сафаров бо С.Г. чанд муддат ошноӣ пайдо карда, шаби 7 марти соли равон дар шаҳри Душанбе, дар дохили мошин машруботи спиртӣ истеъмол мекунанд. Дар ин асно байнашон муноқиша бархеста, Баҳром Сафаров бо мушт ба сару рӯи ин зан зада, ӯро аз по афтонида, дар ҳолати беҳушӣ дохили мошини «Старекс», ки ба худи ӯ тааллуқ дошт, гузошта, ба хонааш меравад. Субҳи рӯзи дигар аз хавфи он, ки С.Г. ба мақомоти милитсия хабар надиҳад, ӯро бо ресмон бӯғӣ карда, ба ҳалокат мерасонад ва барои рӯйпуш кардани ҷинояти содиркардааш ҷасадро ба самти шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, роҳи автомобилгарди ағбаи Шар-Шар, дар километри 60-уми ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак ба ҷарӣ мепартояд ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
«Аз рӯи далели мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Норак парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *