Нуқтаҳои вазнченкунии IRS. Онҳо чӣ моҳият доранд?

Сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали Ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн риоя нагардидани талаботи мавҷуда, аз ҷумла қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада истодааст. Дар ин масир садҳо километр роҳ осеби ҷиддӣ дида, IRS чунин минтақаҳоро ҳамасола таъмири куллӣ ва ҷорӣ менамояд.

Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани аз меъёр зиёд бор гирифтани ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн филиали Ширкат тадбирандешӣ намудааст. Дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд, зеро беҳтарин васила баҳри рафъи мушкилот маҳз ҳамин усул аст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ, на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд.

Дар идома нуқтаҳои вазнченкунӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд, фаъол гардиданд. Бартариҳои нуқтаҳои вазнченкунии марбут ба IRS зиёд буда, бо мақсади ба вуҷуд наомадани ҷамъшавии шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт, аз ҳар ду ҷониб баркашидани воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки барои муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои вазнченкунии нав вақти зиёд сарф нашавад. Илова бар ин, дар нуқтаҳои зикршуда пардохти ғайринақдӣ ва корпоративӣ имконпазир буда, ин омил аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза ва муҳиму саривақтист.

Масъулини филиали Ширкат таъкид менамоянд, ки андешаҳо дар бобати он ки нуқтаҳои мазкур ба хотири ҷамъоварии иловагии маблағ таъсис ёфтаанд, беасос буда, IRS ба ҳеҷ ваҷҳ манфиатдор нест, ки ронандагон аз меъёр зиёд бор гиранд. Зеро хароҷот дар робита ба таъмири роҳ аз маблағе, ки дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, бамаротиб зиёд аст. Моҳиятан таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти IRS ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ — бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт аст.

Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» амалӣ шуда, риояи муқаррароти қоидаҳои зикршуда аз ҷониби моликону истифодабардагони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият, ҳатмӣ мебошад.

Мусофирону ронандагонро мебояд моҳияти ин иқдомро дуруст дарк ва талаботи ҷоришударо риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *