Нуқра Суннатниё — Тоҷикистон
Хотираҳо
Ҳар шаб,
Зи муҳраҳои тиллоии хаёлу ёд,
Ман дона-дона чида,
Ба худ ҳадя мекунам.
Марҷони хотирот,
Чун пайки шодию ғаму ташвишҳои рўз,
Аммо…
Бонги азон чу мерасад овони бомдод,
Ҳамчун паёми рўзи наву гоми бомдод.
Марҷони ман париш шавад бе садо яке,
Бар сабзаҳои пурнами ташвишҳои рўз.
Шаб ёдҳои ман чу ғазолон, ки медаванд,
Дар пуштаҳои сабзу гуворои хотирам.
Осудаву хамўш, аз сари саҳар
Дар хоб мераванд,
Дар сояҳои мубҳами ташвишҳои рўз.
***
Ҷудоӣ
Дастҳоям
Шохаҳои хушки урён,
Бар тани нахли умедам,
Панҷаҳоям,
Баргҳои пажмурда.
Бар сари шохи бурида,
Зард шуд.
Дар барги ангуштони ман,
Ранги сурхи арғувонӣ,
Хушк гашта дар раги кафҳои ман.
Хуни гарми меҳрубонӣ,
Не касе дастам бигирад,
Не бигирам дасти кас.
Дар тани ту дигар аз баҳри ҳавас,
Дастҳои ман намегирад нафас.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ