Нуралӣ Собирзода вазифаи нав гирифт
Нуралӣ Собирзода, ки чанде пеш аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон барканор шуд, ахиран дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми нав гирифтааст.
Ӯ ба ҳайси муовини якуми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шудааст. То ин муддат дар ин вазифа Насимҷон Абдулмуминзода фаъолият дошт.
“Имрӯз, 20 апрел Нуралӣ Собирзода ба ин вазифа таъин гардид. Тақрибан соати 16:00 буд, ки вазифаи муовинии якуми ректор оид ба таълимро қабул кард”,-гуфт як манбаъ ба Pressa.tj аз ДМТ.
Собирзода Нуралӣ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Номбурда солҳои гуногун ба ҳайси ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон, муовини декан оид ба таълими факултети баҳисобгирию иқтисодӣ, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ, муовини ректор оид ба иқтисод ва иҷтимоиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ