Ҷ.Нуралиев ба БАТР: Пешниҳодҳои Тоҷикистонро дастгирӣ намоед

Имрӯз  Тоҷикистон барои амалӣ намудани ислоҳоти нишонрас дар низоми бонкиии кишвар ба дастгирии амиқ ва назарраси БАТР ниёз дорад.

Дар ин бора муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев зимни вохӯрӣ бо ҳайати бонуфузи аъзои Шӯрои мудирони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) изҳор доштааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни мулоқот Ҷ. Нуралиев ҳамсуҳбатонро бо вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ҷумҳурӣ, бахусус фаъолияти низоми бонкӣ ошно намуд.

«Дар ҷараёни буҳрони саросарии ҷаҳонӣ бахши молиявӣ ва бештар аз ҳама бахши бонкӣ халалпазир гаштааст. Дар робита ба ин, баъзе бонкҳои низомсози ҷумҳурӣ ба баъзе мушкилот рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Маҳз барои ҳамин моро зарур аст, ки дар баъзе ташкилотҳои қарзӣ ислоҳот гузаронем», қайд кардааст ӯ.

Ҷамолиддин Нуралиев мудирони ин бонки машҳури аврупоииро ба ҳамкории зичу самаровар даъват намуда, аз онҳо хоҳиш кард, ки дар ҷаласаҳои навбатии Шӯрои мудирони БАТР пешниҳодҳои Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.

Мудири БАТР аз Лаҳистон, Булғория ва Албания Збигниев Хокуба дар навбати худ зикр кардааст, ки имрӯз дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди БАТР марбут ба рушд, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инфрасохтор, таҳкими идораи корпоративӣ дар бонкҳо амалӣ шуда истодаанд.

«БМТ  бо мақсади рушди низоми бонкӣ бо идораҳои гуногуни БАТР, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ҳамкории зич дорад. Шумо, воқеан ҳам дуруст гуфтед, ки мо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бояд якҷоя амал намоем ва дар ин ҷода аъзои Шӯрои мудирони БАТР кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», — иброз доштааст номбурда.

Дар машварати зикршуда мудирони дигари БАТР низ иброз кардаанд, ки Тоҷикистон бешубҳа сазовор аст, ки дар ин давраи буҳронӣ ба он кумакӣ иловагӣ пешниҳод карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *