Нуриддин муфтии Ӯзбекистон шуд
Шӯрои уламои Узбекистон дар як ҷаласаи васеи худ Нуриддин Холиқназаровро раҳбари Идораи мусулмонон ва муфтии ин кишвар интихоб кард.
Холиқназаров аз моҳи августи соли 2019 сархатиби шаҳри Тошканд буд. Ӯ 53 сол дошта, зодаи вилояти Андиҷони Узбекистон аст.
Раҳбари пешини Идораи мусулмонони Узбекистон Усмонхон Олимов 15-уми август дар синни 72 солагӣ даргузашт.
Ба ҷои Холиқназаров, собиқ имомхатиби ноҳияи Юнусободи Узбекистон Раҳматулло Сафуддинов сархатиби Тошканд таъйин шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ