Нуриддин Саид: суруду оҳангҳои каммазмунро пахш намекунем

Нуриддин Саид сабаби пахш нашудани суруду оҳангҳои бархе аз овозхонҳоро дар телевизионҳои Тоҷикистон шарҳ дод.

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 26-уми июл пахш нагардидани оҳангу сурудҳои бархе овозхонҳоро ба мазмуни пасту қобили қабул набудани забони онҳо рабт дод.

«Агар мазмун ва муҳтавои сурудҳои сарояндагони тоҷик хуб бошад, чаро пахш накунем? Аммо баъзе суруду оҳангҳои сарояндаҳои мо мазмуни паст доранд ва забонаш ҳам қобили қабул нест»,- гуфт раиси кумита.

Номбурда таъкид кард, ки «агар сарояндагон барои пахши сурудҳояшон ба мо муроҷиат кунанд, албатта, бо онҳо ҳамкорӣ мекунем, талаботи худро пеш мегузорем ва агар тибқи он суруд ба мо пешниҳод кунанд, пахш мекунем».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *