Нуриддин Саид: Тоҷикистон ба клиникаҳои равоншиносӣ ниёз дорад
Саид Нуриддин Саид Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба худкушии 41 нафар ноболиғон – муҳассилини макотиби миёнаи Тоҷикистон, ки дар 6 моҳи соли равон ба вуқӯъ пайвастааст, гуфт ки ин мушкили равонӣ аст ва Тоҷикистон ба Клиникаҳои равоншиносӣ ниёз дорад.
Ин нуктаро Нуриддин Саид дар нишасти хабарии ниҳоди тобеъаш ки имрӯз баргузор шуд, қайд кард.
Оқои Саид гуфт,ки масъалаи худкушии ноболиғон ин проблемаи илмист, ки омилҳои гунонгуни таъсиррасон дорад. Аз ҷумла омили иқтисодӣ, иҷтимоӣ тандурустӣ. Аммо дар Тоҷикистон бештар омили равонӣ таъсиргузор аст ва барои ин бояд, таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин омӯхта шуда, дар ҳамаи манотиқи кишвар клиникаҳои равоншиносӣ сохта шавад.
Ҳамчунин дар ин нишаст,қайд гардид ки соли равон 41 нафар ноболиғон даст ба худкушӣ зада, миқдори ноболиғони ғарқшуда 50 ададро ташкил мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ