Нурулло ва Муин дар лавҳаи ифтихорӣ
Акси ду варзишгари муҳорибаҳои омехта аз Тоҷикистон Нурулло Алиев ва Муин Ғафуровро дар лавҳаи ифтихории яке аз тамрингоҳҳои Амрико ба номи “Кайзн ММА”овезон карданд.
— Барои ҳамаи кумакҳоят ташаккур, мураббӣ,- навиштааст Муин Ғафуров дар шарҳи навор.
Ҳамчунин, Мазҳарӣ (мураббии Муин) дар ҷавоб ба шарҳи Муин навиштааст, ки аз ӯ умеди калон дорад ва рақобаташро дар ташкилоти UFC бесаброна интизор аст. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки дар баробари Нурулло Алиев, ки моҳи оянда аввалин муҳорибааш дар UFC дар назар аст, инчунин, Муин Ғафуров ҳам ба майдон хоҳад баромад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ