Нуруллозода аз иқдоми соҳибкор Ёрматов тавсиф кард

Фирўза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд  дар ифтитоҳи  маркази савдо ва хизматрасонии «Шириниҳои Дилбар», ки марбут ба соҳибкор Даврон Ёрматов аст, иштирок кард.

“Шириниҳои Дилбар”  дар хиёбони Исмоили Сомонӣ,  мавзеи Гулбаҳори шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.  Маркази савдо ва хизматрасонии «Шириниҳои Дилбар»-ро  соҳибкор Даврон Ёрматов бунёд кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ин соҳибкор асосан ба истеҳсол ва фурўши шириниҳои гуногун бо тамғаи молии «Шириниҳои Дилбар» машғул буда, беш аз 20 намуди шириниҳоро зиёда аз 10 сол инҷониб дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ба мизоҷон пешниҳод менамояд.

Фирўза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд аз  иқдоми соҳибкор Даврон Ёрматов тавсиф намуда, таъкид дошт, ки он армуғони тоза ба истиқболи 30 –солагии  Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *