Оғози басти чоруми истироҳати кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе

Аз дирӯз, 24-уми июли соли 2023 дар чанд истироҳатгоҳ истироҳати кӯдакону наврасон оғоз шудааст.

Бино ба иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Гулхан”-и ноҳияи Сино, “Орзу”-и ноҳияи Фирдавсӣ, “Зимчуруд”-и ноҳияи Шоҳмансур ва “Шарора”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо фарогирии 948 нафар, дар 36 адад майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ва бо фарогирии 100 нафар кӯдакону наврасони аъзои маҳфилҳои Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ дар 4 баст тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1-уми майи соли 2023, №229 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023” 10352 нафар — 4192 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва 6160 нафар дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ то 4-уми августи соли 2023 бо давомнокии 11 рӯз ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *