Оғози басти сеюми истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони пойтахт
Басти сеюми истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони пойтахт оғоз гардид. Дар ин бора ба Pressa.tj Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Гулхан»-и ноҳияи Сино, «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур ва «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 948 нафар, дар 36 майдончаи солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ва 100 нафар кӯдакону наврасони аъзои маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.
Дар маҷмуъ, имсол 10 352 нафар хонандагони пойтахт аз 12-уми июн то 16-уми августи соли 2023 ёздаҳ рӯз ройгон дар истироҳатгоҳҳо фароғат хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ