Оғози фаъолияти мактаби махсуси камонварӣ дар Хуҷанд
Дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонвариро ифтитоҳ намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст.
Иншооти навбунёди варзишӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои беш аз 10 ҳуҷраи корӣ барои маъмурият ва кормандон, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, дастшӯӣ, анбор барои нигаҳдории таҷҳизоти варзишӣ ва дигар нуқтаҳои ёрирасон мебошад. Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шафати варзишгоҳи марказии “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ҷойгир аст.
Дар гӯшаҳои алоҳидаи ошёнаи якуми бинои мактаб намунаи либосҳои варзиши камонварӣ, тиру камонҳо ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик аз ин риштаи варзиш ба маъраз гузошта шудааст.
— Бо таъсиси Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд 20 нафар, аз ҷумла 5 мураббии касбӣ ба кор ҷалб гардиданд. Дар мактаби варзишӣ толори маҷлисӣ бо 30 ҷойи нишаст сохта шудааст. Дар ҳуҷраҳои алоҳидаи мактаб таҷҳизоти гуногуни варзишӣ нигаҳдорӣ шуда, дастгоҳҳои зарурӣ насб гардидааст, ки асосан барои таъмиру навсозии тиру камон истифода мешаванд. Инчунин, дар бино нуқтаи тиббӣ ва ҳуҷраи равоншинос низ мавҷуд аст,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар ошёнаи дуюми иншооти мазкур толори барҳавои машқу тамрин ва омӯзиши нозукиҳои варзиши камонварӣ бо паҳноии 20 ва дарозии 40 метр ҷойгир аст.
Бино ба маълумотҳо, айни замон дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд 90 нафар ҷавонону наврасон машқу тамрин менамоянд, ки ба онҳо мураббиёни соҳибтаҷриба нозукиҳои ин намуди варзишро меомӯзонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ