Оқибати бориши пуршиддати борон дар Варзоб

Дар пайи борони пуршиддат, омадани сел ва фаромадани ярч дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 15 мошини сабукрав зери лой мондааст. Ширкати IRS техникаҳои заруриро ба макони аз офат зарардида фиристодааст. Гуфта мешавад, ки соати 2-и 28-уми августи соли ҷорӣ вазъ ба эътидол оварда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ҳар ду ҷониб барқарор гардидааст.