Ҳоҷии дучархасаворро марзбонони туркман ба хокашон роҳ надоданд
Марзбонони туркман муйсафеди ӯзбекро аз вилояти Намангони Ӯзбекистон, ки савори дучарха қасди зиёрати ҳаҷро дошт, аз роҳ баргардониданд.
Ҳусан Ҳоҷибоев, мӯйсафеди 75-солаи ӯзбек дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, савори дучарха то марзи Ӯзбекистону Туркманистон расид, аммо ба далели надоштани визаи Туркманистон, марзбонони туркман ӯро ба кишварашон роҳ надодаанд.
Мӯйсафед давоми 7 рӯз дар маҷмуъ 1150 километрро тай карда, то марзи Туркманистон расид.
«Марзбонон гуфтанд, ки аз барои савоб маро ба кишварашон роҳ хоҳанд дод, аммо ҳангоми хуруҷ аз Туркманистон марзбонони дигар боздошт карда, ба Ӯзбекистон бармегардонанд. Аз ҳамин рӯ ман бояд ба манзилам баргардам», — гуфт Ҳоҷибоев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ