Обама: Бо Русия созиш накардем
Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар ояндаи наздик бинобар “ихтилофи ҷиддӣ” наметавонад бо Русия дар масъалаи Сурия ба тавофуқ бирасад.
Дар ин бора рӯзи 4-уми сентябр Барак Обама, президенти Амрико хабар дод. Ба қавли Обама, Русия ва Амрико ҳанӯз ба як хулосаи муайян дар масъалаи ҳалли бӯҳрони Сурия нарасидаанд. Аммо Обама таъкид кард, ки гуфтушунид миёни Маскав ва Вашингтон дар масъалаи Сурия идома хоҳад кард. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия аз соли 2011 то ҳол давом дорад. Маскав ва Вашингтон талош доранд, то дидгоҳояшонро дар масъалаи Сурия мувофиқ кунанд ва ба бӯҳрони панҷсола хотима бахшанд. Амрико борҳо Русияро дар ҳамлаи ҳавоӣ ба гурӯҳҳое, ки ин кишвар пуштибонӣ мекунад, муттаҳам кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ