Обама ва Путин гуфтугӯи телфонӣ анҷом доданд
Бо ташаббуси ҷониби Русия рӯзи чаҳоршанбе президенти ин кишвар Владимир Путин бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии Кремл иттилоъ медиҳад. Кремл мегӯяд, ҳар ду ҷониб изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамоҳангии низомиро дар амалиёти Сурия густариш медиҳанд.
Путин ба президенти ИМА ҳамчун давлати ҳамраиси Гуруҳи Мински САҲА дар умури танзими низои Қарабоғи Куҳӣ аз натиҷаи мулоқоти сеҷониба бо роҳбарони Озарбойҷону Арманистон, ки 20 июн дар Санкт-Петербург доир шуд, иттилоъ додааст.
Обама гуфта, ки омадааст, то ҳамроҳ бо Русияву Фаронса барои ҳалли комили низои Қарабоғи Куҳӣ талоши бештаре сарф кунад.
Президенти ИМА ҳамчунин тазаккур додааст, ки Русия бояд фишорро ба низоми президенти Сурия Башор Асад бештар кунад, то ҳамлаи зидди сокинони осоиштаро қатъ кунад.
Обама аз Путин ҳамчунин даъват кардааст, ки бо андешидани чораҳои зарурӣ аз низои шарқи Украина пешгирӣ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ